Ҳарчанд Айнӣ дар намоиш иштирок накард, 9-уми апрел ӯро аз ҳуҷрааш дастгир карда, 75 чӯб зада, ба зиндон партофтанд. Бо қарори Шӯрои депутатҳои коргарони Когон сарбозони инқилобӣ ӯро аз зиндони амир озод карданд. Ба ин муносибат митинге барпо гардид, ки дертар Садриддин Айнӣ чунин ёдоварӣ мекунад: «Ман, ки бо хӯрдани 75 чӯби амир гиря кардан он тараф истад, «воҳ» нагуфта мардонавор истода будам, дар ин ҷо аз гиря худдорӣ карда натавонистам – ин гиряи шодӣ буд». Пас аз муолиҷаи дуру дароз дар беморхонаи Когон Садриддин Айнӣ 3-юми июни соли 1917 ба Самарқанд меравад ва он ҷоро иқоматгоҳи доимии худ қарор медиҳад.
Инқилоби Октябр (1917)-ро ӯ бо хушнудӣ пешвоз гирифта, аз рӯзҳои аввал ба хизмати он камар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона иштирок менамояд.
Аз соли 1918 дар маҷмӯи маорифи халқ ва матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор мекунад. Сипас, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (аз соли 1926) вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро иҷро мекунад.
Шеърҳои дар солҳои 1918-1921 навиштаи Садриддин Айнӣ «Машри ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Марши байналмилал», «Якуми май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» чоп шуда, дар нахустин маҷаллаи ӯ «Ахтари инқилоб» ворид гардидаанд. Соли 1920 якумин повести худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар он бо далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷиаҳои рӯзҳои вопасини аморати Бухороро фош мекунад. Пас аз ин ӯ повести дигар худ «Саргузашти як тоҷики камбағал» ё ки «Одина»-ро ба вуҷуд оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп мекунад ва соли 1927 повест пурра бо унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида нашр мешавад. Ин повест ва романҳои «Дохунда» (1930) ва «Ғуломон» (1934) якҷоя асари сегона-трилогияи хоса мебошад, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро дар бар мегирад.
Солҳои 1935-1940 боз якчанд асарҳои насрӣ: повестҳои «Мактаби кӯҳна» (1936), «Марги судхӯр» ва «Ятим» (1939), очеркҳои «Колхози коммунизм» (1934), «Ҷашни таърихӣ» (1936) ва «Тирози ҷаҳон» (1939)-ро эҷод мекунад.
Ӯ соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ӯзбекистон интихоб мегардад ва баъдтар (1948) шӯрои илмии Университети Ленинград ба вай унвони доктори илми филологияро медиҳад. Сипас, академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) интихоб мешавад.
Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷимаиҳолии ӯ «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик аз охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ инъикос ёфтааст. Барои ҷилди якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ӯ соли 1950 Лауреати мукофоти давлатӣ мегардад.
Садриддин Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончӣ, доир ба таърих ду рисолаи калон «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (1926) ва якчанд мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои забоншиносии солҳои бистум барои демократикунонии забони адабии тоҷик ва инкишофи минъбадаи он нақши муҳим бозидаанд.
Хизмати С.Айнӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ низ хеле бузург мебошад. Адабиётшиносии давраи шӯравии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари таҳқиқотии ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай оиди ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.